Санҷиши омодабошии гурӯҳи зудамали Академияи ВКД
Дар доираи тадбиқи омодагии саривақтии сохторҳои низомӣ ба таҳдиду хатарҳои муосир, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сулҳу оромии кишвари азизамон, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадҳо дар назди сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбӣ бармеояд, бо ибтикори роҳбарият санҷиши омодабошии гурӯҳи зудамали Академияи ВКД гузаронида шуд, ки дар он афсарони дастаи зудамали Академия фаъолнокии зиёд нишон дода, дар вакти муайяншуда бо лавозимоти зарурӣ ҷамъ омаданд.
Роҳбарияти Академия ба интизоми намунавӣ ва пурра ҷиҳозонидани гурӯҳи зудамали Академия бахои хуб дода, барои иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ-тактикӣ ба онҳо дастурдиҳии мушаххас гузарониданд.
Боиси тазаккур аст, ки чунин машқҳо пайваста дар Академия баргузор гардида, ба рафти он шахсан сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини сардори Академия оид ба низом полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори кафедари тайёрии тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ Латипов М. назорат мебаранд. Гузаронидани ин чорабинӣ бозгӯи садоқат ба Президент, сохти конститутсионӣ ва савганд ба касби хеш маҳсуб меёбад.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.