Маҳфили идона ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Академияи ВКД
Дар чорабинии бошукӯҳе, ки дар Академияи ВКД ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид, факултету шуъбаҳои ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намоишгоҳи аксу мусаввараҳо аз ҳар гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон, қасру кӯшкҳои бо сохти миллӣ дар минтақаҳои гуногун сохташуда ва қалъаву дигар ҷойҳои фарҳангиву таърихии Ватани азизамонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳар кадом бозгӯи табиати нотакрори диёр буданд.
Ҳар кадом шуъбаву факултетҳои Академия бо оростани дастархони миллӣ, ки тамоми маҳсулотҳои рӯйи он бо дастони худи курсантону омӯзгорон омода гардида буданд, инчунин дар гирдогирди макони баргузории чорабинии идона ҳар гуна овезаву сӯзанӣ ва гулдӯзиҳои мардумӣ, ки бозгӯкунандаи дорои таъриху фарҳанг ва анъанаҳои бостонии халқи тоҷик буданд, ба намоиш гузошта шуда буданд.
Дигар ҳолате, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамуд, машғули ошпазӣ будани курсантдухтарону муаллимаҳои Академия буд.
Тавре сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ки ҳамроҳи як гурӯҳ меҳмонон аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони баргузории маросими мазкур ташриф оварда буданд, иброз намуд, дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ, ки ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад, озмуни «Оши палав ҳамчун хӯроки миллӣ-анъанавии тоҷикон» барпо мегардад.
«Занону духтарони таълимгоҳи мо бо омода сохтани ин навъи маъмули хӯроки миллӣ нишон медиҳанд, ки онҳо дар баробари хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан, ҳамзамон беҳтарин кадбону низ мебошанд. Мувофиқи Нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД барои соли 2018, минбаъд ҳар моҳ ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассисаи таълимиамон маҳфилу чорабиниҳои мухталиф мегузаронем, ки дар онҳо ба таври гуногун ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо хоҳем гузошт. Бо гузаронидани ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ саъй менамоем заррае ҳам бошад дар муаррифии Ватани азизамон ҳамчун минтақаи ҷолиби сайёҳӣ ва рушду нумӯъи анъанаҳои миллии худ саҳм гузорем. Фикр мекунам, ин беҳтарин туҳфа ва ё армуғонест барои истиқбол аз «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол эълон гардидааст», - иброз намуд сардори Академияи ВКД.
Дар навбати худ муовини сардори Раёсати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Мирзоев изҳор дошт, ки воқеан ин шоистаи таҳсин аст, ки аҳли омӯзгорону курсантон ва шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташаббус нишон дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифии ҷумҳуриамон чун кишвари ободу пешрафта ва аз лиҳози сайру сайёҳат ҷолиби диққат, инчунин бо намоиш додани анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамагон нишон додани то кадом андоза таърихиву қадимӣ будани миллати сарбаланди тоҷик ҷаҳду талош менамоянд.
«Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хеле иқдоми наҷиб карда, дар соли 2018 нахустин муассисаест, ки пешсафӣ намуда, дар кишвар чунин чорабинии сатҳи баландро доир намуд. Мо аз ҷониби кумитаи худ баён менамоем, ки бо ин таълимгоҳи бонуфузи касбӣ, ки дар гузаронидани чунин чорабиниҳо таҷрибаи зиёд дорад, оянда дар сатҳи ҷумҳурӣ ин гуна маҳфилу ҷамъомадҳои ҷолиби диққатро хоҳем гузаронд», - афзуд ин масъули Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре масъулини Академияи милитсия зикр намуданд, ҳамаи ин чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ин муассисаи таълимӣ бо ташаббусу дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гузаронида мешаванд. Роҳбарияти ВКД ва шахсан Вазири муҳтарам Рамазон Раҳимзода ба тамоми масъалаҳо, хусусан ба кори тарғибу ташвиқи урфу анъанаҳои миллӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати аҳли ҷомеа, алалхусус насли наврасу ҷавонон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Дар интиҳои ҷамъомади мазкур аъзои комиссия аз тамоми гӯшаву намоишгоҳҳои шуъбаву факултетҳои Академияи ВКД дидан намуда, ба ҳамаи онҳо баҳои баланд доданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ