Сайругашти мавзеъҳои таърихӣ
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба курсантон омӯзонидани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон анъанаҳое роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш онҳо ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншооти дар замони Истиқлолият бунёдёфта сафарбар гардида, бо ин роҳ ҷаҳонбиниву маърифати фарҳангиашон баланд бардошта мешавад.
Ин навбат дар доираи соатҳои кураторӣ бо мақсади ошноӣ бо фарҳанги миллати хеш курсантони курси 1-ум, гурӯҳҳои таълимии №112 ва №113-и факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии кураторони гурӯҳҳои таълимии номбаргардида майори милитсия Алиев А.Қ. ва лейтенанти калони милитсия Айнуддинзода Ш.А. таърихи 14 апрели соли 2022 ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт дар намоиши «Бунбаст» ба ҳайси тамошобин равона гардиданд.
Ҳамзамон баъди анҷоми намоишнома аз боғи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дидан намуданд, ки ин ба рӯҳияи курсантон боз як таассуроти хотирмон гузошт.
Айнуддинзода Ш.А.