Шанбегӣ дар Академияи ВКД
Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи назди Вазири корҳои дохилӣ, бинобар эълон намудани рӯзҳои шанбе – «Рӯзҳои экология» ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли равон, ҳайати доимии Академияи ВКД ба шанбегии умумӣ баромада, барои тозаю озода намудани гирду атрофи бинои Академия, рангу бори роҳравҳо, синфхонаҳо, кабудизоркунӣ ва шинондани гулу буттаҳои ороишӣ ҷалб карда шуданд.
Хамчунин курсантон ва афсарони Академия ба оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рафта, аз гузашагон ёд намуда, корҳои тозакорӣ ва ободкунӣ гузарониданд.
Дар ин чорабинӣ намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои Россия «Бародарони ҳамяроқ», ки воқеъ дар Пойгоҳи ҳарбии 201 Дивизияи Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия мебошад, иштирок намуданд.
Чунин ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусни дигар зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро софу беғубор менамояд. Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардонидани диёрамон саҳми арзандаи хешро гузорад.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.