Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонон
15 апрели соли 2022, дар синфхонаи махсуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД мизи мудаввари кафедравӣ дар мавзӯи «Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон» бо иштироки ходими калони илмии шуъбаи Адъюнктура полковники милитсия Асламов Б.С., ҳайати профессорону омӯзгорон ва аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот»-и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академия гузаронида шуд.
Дар ҳамоиши илмӣ баромадкунандагон асосан аз ҳисоби профессорон ва омузгорони кафедра буда, маърӯзаи омӯзгорони зерин шунида шуд:
Ғуломов Қудратулло - муаллим - ҳамкори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, дар мавзӯи «Таъсири сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма дар тарбияи ноболиғону ҷавонон»;
Ғафурзода Далер Афзалшо - муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия дар мавзӯи «Тартиби пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон»;
Урфонзода Дониш Садоншо - муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи «Масалаҳои мубрами қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон»;
Самаруддинзода С. - курсанти курси 2 факултети № 6, сержанти хурди милитсия дар мавзуи «Огоҳонии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон».
Лозим ба ёдоварист, ки маърӯзачиён вобаста ба проблемаҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон ва ҷавонон дар шароити кунунии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, мубрамияти масъалаи мазкурро то давраи соҳибистиқлолӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷиқистон таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар охири семинар оид ба мавзӯи мазкур миёни иштирокчиён баҳсу мунозираҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, пешниҳоди баромакунандагон ва музокирачиён ба инобат гирифта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорони дигар кафедраҳои тахассусӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ тавсия дода шуд, ки пешниҳодҳои илмии асоснокро дар дарсҳои ҳатмӣ ба курсантон фаҳмонанд.
Ғафурзода Д.А.