Огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон
Ҷиҳати иҷрои банди 2 нақшаи комиссияи доимоамалкунандаи ВКД ҷиҳати тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 22 январи соли 2022 тасдиқ гардидааст, 9 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, майори милитсия Ғафурзода Далер Азалшо дар Коллеҷи техникии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар мавзӯи «Огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон – мафҳумҳои асосӣ» бо донишҷӯён дарси тарбиявӣ гузаронида шуд.
Сараввал устод аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи тарбияи дурусти ҷавонон дар ростои ватандориву ватандӯстӣ, пос доштани хотираи ниёгони хеш ва арҷ гузоштан ба урфу одатҳои халқи тоҷик ёдрас шуд.
Сипас аз ҷониби устод мафҳуми худи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шарҳ дода шуда, ёдовар гардид, ки аксарияти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мутаасифона имрӯзҳо маҳз аз ҷониби ноболиғон содир карда мешаванд. Вобаста ба ин номгӯи субъектони огоҳонӣ ва пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон номбар карда шуда, вазифа ва функсияи ҳар яки он дар ин самт фаҳмонида дода шуд.
Азҷумла қайд карда шуд, ки яке аз субъектони муборизабаранда бо ин зуҳуроти номатлуб ин Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки сохторҳои он дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- амалӣ намудани корҳои умумӣ ва инфиродии пешгирикунанда;
- андешидани чораҳо нисбат ба ноболиғоне, ки дар кофтуков ё дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва бо тартиби муқарраршуда фиристонидани онҳо ба субъектҳо ё муассисаҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- ирсол намудани пешниҳод ба ҷои кор ё таҳсил, маҳали зист ҷиҳати муҳокима ва андешидани чораҳои таъсиррасонии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки ноболиғонро ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ҷалб мекунанд ва ё нисбати ноболиғон кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)-ро раво мебинанд;
- баррасии арзу шикоятҳои ноболиғон ва падару модар вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҷойгир намудани ноболиғон дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ;
- ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғон, инчунин сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани онҳо мусоидат мекунанд;
- ба қайд гирифтани ноболиғони душвортарбия ва бо онҳо гузаронидани чораҳои инфиродии огоҳонӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҷойгир намудани кӯдакони ятим ва бепарастормонда дар муассисаҳои дахлдор;
Дар охири дарс вобаста ба мавзӯи мазкур миёни донишҷӯён ва устод саволу ҷавоб ва ибрози нуқтаҳои назар сурат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ба устод пешниҳод гардид, ки минбаъд низ ҳамкориро бо муассисаи таълимии онҳо давом дода, оид ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа ва паҳлуҳои ҳуқуқии он бо донишҷӯёни онҳо дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шавад.
Нуралиев С.Ш., сардори кафедраи ҳуқуки маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия