Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Субъектони фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

78978912 апрели соли 2022 дар дар синфхонаи таълимии 403-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Субъектони фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустучуӣ мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. оғоз намуда, иштирокчиёни семинарии илмӣ-амалиро аз номи роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба субъектони фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, курсанти курси 4-ум, милитсия қаторӣ Ҳоҷибоев Д. бо маърӯза баромад намуда дар мавзӯи «Мақомотҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ намуд ва баъди баромад бо курсанти курси 4-ум, милитсия қаторӣ Ҳоҷибоев Д. доир ба мавзӯи баромадкардааш саволу ҷавоб карда шуд.
Баъдан курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Арбобов Ш. бо маърӯзаи худ баромад намуда дар мавзӯи «Ваколатҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ кард.
Дар анҷоми семинари илмӣ-амалӣ байни иштирокчиён, сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., ва муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия Комилзода З.К. саволу ҷавоб дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо вобаста ба кори ҳамарӯзаи ваколатдори оперативӣ сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки бо баррасӣ намудани мавзӯи баррасишаванда курсантон тасаввуроти бой пайдо намуданд. Натиҷаи гузаронидани маҳфил нишон дода истодааст, ки дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши ин фанн шавқу рағбати хоса пайдо намуда истодаанд.
Ибрагимзода Ҷ.И. Муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, майори милитсия
Ализода А.А. Сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...