Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни зодрӯз муборак бошад, роҳбари гиромӣ Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ!

image-14-04-22-08-40Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ - сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия яке аз ҷавонмардони фаъоли кишварамон буда, бо ватандӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстиву шукргузорӣ, эҳсонкориву хайрхоҳӣ, ҳамзамон бо донишу малака ва маҳорату истеъдоди баланди ибратбахши хеш дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан саҳми худро гузошта истодааст.

Мавсуф бо хислатҳои наҷиби инсонияш дар ҷамъият шахси намунаи ибрат барои дигарон аст ва маҳз чунин ватандӯстон метавонанд ба Ватану миллати хеш софдилонаву содиқона хизмат намоянд.
Сокинони диёри биҳиштосоямон - Тоҷикистон бо чунин ҷавонмарди асил ба мисоли Шарифзода ифтихор доранд.
Ҳайати шахсии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯз табрику таҳният намуда, бароятон дар зиндагӣ саодатмандии комил, умри дарози пурбаракат, хушбахтии оилавӣ, баландтарин қуллаҳои рӯзгор ва тамоми лаҳзаҳои ширини ҳаётро орзу намуда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулатон баҳри манфиати ҷамъияту давлат ва пойдориву шукуфоии Тоҷикистон барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.
Зодруз муборак бошад, рафиқ генерал!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...