Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусият ва заминаҳои ҷинояткорӣ: назари психологӣ ва криминалистӣ

49848Саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле зиёд буда, дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши мубориза қарор дорад. «Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеъа равона шудааст. Тавҷҷухи асосӣ ба пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки муосир-терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст»1. Аз ҳама зиёд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъсири психологӣ мебинанд, азият ва ранҷ мекашанд. Мутаасифона ин таъсири психологӣ ба дараҷаи зарурӣ тадқиқ нашудааст. Бо инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеъа ҷинояткорӣ низ хусусиятҳои навро ба худ мегирад. Ҳоло дар баробари тамоми ҷиноятҳои содиршуда ҳам бо ақидаи психологҳо ва ҳам ҳуқуқшиносон ҷиноятҳои зуҳуроти террористӣ ва экстримистӣ дошта хатари глобалиро барои тамоми башарият ба вуҷуд овардаанд. Албатта пайдоиш ва инкишофи ҷинояткориҳо ҳам омилҳои иҷтимоӣ ва ҳам омилҳои психологӣ доранд. Солҳои охир дар тадқиқ, кушодан ва пешгирии ҷинояткориҳо дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ психологҳо, криминологҳо низ фаъолона ширкат меварзанд. Ба омӯзиши масъалаҳои марбути ба ҷинояткорӣ психологияи криминалӣ2 машғул мебошад. Психологияи криминалӣ аз тарафи бисёр олимон аз қабили Кудрявтсев В.Н.3. Аванесов Г.А4., Поршнев Б.Ф5., Дубинин П.П., Карпетс И.И., Познишев С.В6., ва дигарон тадқиқ шудаанд. Лекин ҳоло ҳам проблемаҳои гуногун дар ин самти муҳим вуҷуд доранд.

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ғайр аз донишҳои ҳуқуқӣ инчунин донишҳои психологиро талаб менамояд, ки мутаасифона аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таври самаранок истифода бурда, намешаванд. Агар донишҳои психологӣ ба таври васеъ истифода гарданд, ин ҳам кушодашавии ҷиноят ва ҳам пешгирии онро осон мегардонад. Дар содир намудани ҷиноятҳо хусусиятҳои психологӣ, намуди системаи асаб, миҷоз, хислат нақши муҳим дорад.
Ба ақидаи Поршнев Б.Ф., «ҳама вақт бояд дар доираи назорат дар психология ду тарафи масъала: иҷтимоӣ ва физиологӣ гузошта шавад, ки ба фард ва эмотсияҳои он мо дар асоси моддӣ муносибат намуда, хусусиятҳои физиологӣ - инфиродии онро ошкор созем»1.
Заминаҳои психологӣ, хусусиятҳои ғайримутаъдили рӯҳ ва ҷисми инсон дар содир намудани ҷиноятҳо нақш дорад, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ онро бояд донад. Солҳои зиёд ба ин проблемаҳои муҳими психологӣ аз ҷумла рафторҳои ҷиноӣ олимон Б.Г. Анонев, А.Н.Леонтев, Б.Ф.Ломов., С.Л.Рубинштейн, К.К.Платнов ва дигарон машғул шуда, паҳлӯҳои гуногуни онро кушодаанд. Аз ҷумла Аванесов Г.А., дар тадқиқоташ «криминология ва профилактикаи иҷтимоӣ» заминаҳои зерини биологиро дар рафтори манфии инсон нишон додаст:
1.Паталогияи талаботҳои биологӣ, ки дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ ба назар мерасанд.
2.Бемориҳои асабӣ - рӯҳӣ, ки системаи асабро ба ҳаяҷон меорад ва назорати иҷтимоиро аз рӯи рафтор мушкил мегардонанд.
3.Бемориҳои ирсӣ, бадмастӣ, ки 40% кӯдакони камақл азият мекашанд.
4.Шиддату сарбориҳои психофизиологӣ, ҳолатҳои низоъ, тайиғироти химиявии муҳити атроф, истифодаи намудҳои нави энергия, ки ба бемориҳои рӯҳию ҷисмонӣ оварда, омили иловагии криминалӣ мегарданд2.
Дар фаъолияти гуногунҷабҳаи мақомоти корҳои дохилӣ чӣ тавре, ки дида мешавад, унсурҳои психологӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла барои ба таври чуқур ва пурра омӯхтани хусусиятҳои психологии шахси айбдоршаванда муфаттиши мақомоти корҳои дохилӣ (умуман ҳамаи муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) бояд масъалаҳои зерини рӯзмарраро ҳал намоянд:
1.Ба таври дуруст квалификатсия (тасниф) намудани ҷинояти содиршуда. Ба ин муайян намудани ҳолати рӯҳии содиркардани ҷиноят (масъалаи аффектӣ), майлонҳои содир намудани ҷиноят, муайян кардани нақши айбдоршаванда дар гурӯҳи ҷиноятӣ ва ғайра.
2.Интихоби усулҳои тактикӣ ҳангоми ҳарактҳои тафтишотӣ (махсусан ҳангоми пурсиш), донистани хусусиятҳои психологии шахсияти зери тафтишот қарор дошта.
3.Таъсири тарбиявӣ ба шахси ҳуқуқвайронкунанда бо мақсади ба зудӣ дар пурсиши аввал ба ҷомеъа мутобиқгардонии он, донистани хусусиятҳои инфиродии вай аз тарафи муфаттиш.
4.Кор оиди муайян намудани сабабҳои ҷинояти содиршуда ҳамон вақт самаранок гузаронида мешавад, ки агар муфаттиш ба таври чуқур ва ҳаматарафа хусусиятҳои психологии айбдоршавандаро омӯзад.
Албатта бояд корманди мақомоти корҳои дохилӣ донад, ки донишҳои психологӣ муҳим мебошанд, аммо дар кушодани ҷиноятҳо паҳлуҳои криминалистӣ, маҷмӯи донишҳои илмӣ лозим аст.
Ҳангоми тафтиши ҷиноятҳои вазнин, ки аз тарафи гурӯҳҳо содир шуда аҳамияти калонро омӯзиши ҷиҳатҳои криминалистӣ шахсияти айбдоршаванда мебозад. Мазмун ва дараҷаи омӯзиши криминалистӣ аз ҳолати айбдоршаванда дар гурӯҳи ҷиноятӣ, мавқеи вай дар тафтишот гуногун мебошад. Дар муносибат айбдоршавандаи «мушкил», ки нишондоди бардурӯғ медиҳад, омӯзиши доираи васеъ хусусиятҳои психологӣ барои муайян кардани тактикаи дурусти кор бо онҳо (барои интихоби тактикаи пурсиш, гузаронидани рӯ ба рӯкунӣ, иқроршавӣ ва ғ.ҳ.) муҳим аст. Ин чунин маъно надорад, ки аз омӯзиши криминалистии чунин айбдоршаванда даст кашидан мумкин нест, донишҳои психологӣ имкон медиҳанд, ки баҳои дуруст ба нишондодҳо ва гузаронидани тафтишот дода шавад. Муайян намудани сабаб ва шароитҳои содирнамоии ҷиноят дар асоси омӯзиши хусусиятҳои психологии шахсияти айбдоршаванда - ин танҳо мақсад нест, балки қисми таркибии тамоми кори муфаттиш аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ оид ба пешгиринамоии ҷинояткорӣ мебошад.

Масъалаи мазкур албатта тадқиқотҳои иловагиро дар фазои баъдишӯравӣ чӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ талаб менамояд, ки танҳо баъд аз пурра муайян кардани онҳо, дараҷаи хатарнокии ҷиноятҳои иқтисодӣ ва шаклу усулҳои муборизаи он пеш меояд. Хусусиятҳои муҳими муборизаи зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ аз нигоҳи психологӣ ва криминалистӣ ба таври пурра тадқиқ нашудаанд ва зарур аст, ки дар ин самт ҳуқуқшиносон, психологҳо, сотсиологҳоро барои паст кардани сатҳи ҷиноятҳои хислати корруптсионидашота ҷалб намояд.
Тадқиқотҳое, ки дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил гузаронидашуда аз ҷониби Гуров А., Самонов А.П., бисёр ҷиҳатҳои муҳими ин муборизаро аз нигоҳи психологӣ нишон медиҳанд. Дар замони муосир бо инкишофи илму техника ва ҷорӣ шудани технологияҳои нави иттилоотӣ ҷинояткорӣ ба худ хусусиятҳои нав касб мекунад, ки аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ донистан ва дар амал ҷорӣ намудани донишҳои психологӣ ва криминалистиро дар баробари дигар илмҳои махсус талаб менамоянд.
Хулоса, дар баробари омилҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ омил ва сабабҳои психологии содиршавии ҷинояткорӣ низ мавҷуд аст, ки тадқиқотҳои соҳавиро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ талаб менамояд.


Самиев Н.М.- сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., полковники милитсия
Асламов Б.С.- ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Адабиёт:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Қонун ва ҷомеа», №17 аз 25-апрели соли 2008.
2. Кудрявцев В.Н.Причины провонарушений. М., 1976.
3. Аванесов Г.А. Криминология и социальная профилактика. М.,1980.
4. Поршнев Б.Ф. Социальная психология и история. М., 1968.
5. Дубинин Н.П., Карпец И.И., Кудрявцев В.Н., Генетика. Поведение. Ответственность. М., 1989.
6. Познышев С.В. Криминальная психология. М., 1926.
7. Поршнев Б.Ф. Социальная психология и история. М., 1968. С.151.
8. Аванесов Г.А. Криминалогия и социальная профилактика. М., 1980. С.226- 230.
9. Гуров А.Организационная преступность не миф, а реальность. М., 1992. С.23-31.
10. Самонов А.П.Психология преступных групп. Пермь, 1991 .С.17-25.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...