Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо шунавандагони факултети №3

WhatsApp Image 2022-04-09 at 22.19.11

9-уми апрели соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо хатмкунандагони факултети №3 баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Академия ва сардорони факултетҳо ширкат намуданд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., вохӯриро оғоз намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Инчунин ба хатмкунандагон оид ба талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ донистани ҳуҷҷатнигорӣ ва чолокию ҷасурӣ ба роҳи дурусти донишандӯзӣ ва тарбияи тамоюли касбии кормандони милитсия тавсияҳои муфид дода, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро оид ба имтиҳонҳои давлатӣ расониданд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯрӣ сардори Академияи ВКД ба хатмкунандагони факултети №3 барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно кард.

WhatsApp Image 2022-04-09 at 22.19.08


Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...