Саҳми ман дар шаҳри ман
Санаи 09 апрели соли равон бо ташаббуси сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи таҷлили Рȳзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман» аз ҷониби ҳайати шахсии Академия бо роҳнамоии муовини аввали сардори Академия полковники милитсия Насуриён П.А. дар тамоми гирду атрофи Академия, ва қитъаи замини ҷудошудаи назди беморхонаи клиникии бемориҳои пусти шаҳри Душанбе шанбегӣ ва корҳои ободонӣ гузаронида шуда, замини он мулоим гардонида шуда, аз бутаю алафҳои бегона тоза карда шуда, дарахтон бо маҳлулхо тозаю озода карда шуда роҳравҳо ва атрофи майдончаи варзишӣ ба тартиб дароварда шуд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.