Вохӯрии роҳбарияти Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волидайни курсантони курси 2 факултети №2
Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2022 бо волидайни курсантони курси 2 факултети №2 Академия вохӯрӣ доир намуд.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали сардори Академия номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ширкат варзида, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтака, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта ба самъи ҳозирин расонид.
Аз ҷумла, онҳо иброз доштанд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.
Дар чорабинии мазкур волидайни курсантони курси 2 факултети №2 Академия, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда бо таври мунтазам дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, низомӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат менамоянд, бо Сипосномаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, рафтори курсантоне,ки ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсил барномаҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ аз худ накардаанд, дар иштироки волидайнашон мавриди муҳокима қарор додашуда, ба онҳо ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.