Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Академияи ВКД бо командирони гурӯҳҳои таълимӣ

OSH 8218

8-уми апрели соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо командирони гурӯҳҳои таълимии факултетҳои №2, 5 ва 6-и Академия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур 65 нафар командирони гурӯҳҳои таълимии факултетҳои номбурда иштирок намуданд.

Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ вохӯрии мазкурро оғоз намуда, ба курсантон дар бораи вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон иттилооти муфассал дод.

OSH 8222

Аз ҷумла, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта бо таври содаву равон иброз дошт.
Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.
Дар фарҷоми суханронӣ сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба командирони гурӯҳҳои таълимӣ дар самти таъмини риояи интизоми хизматӣ, бо баҳои хубу аъло хондан, ба забономӯзӣ диққати махсус зоҳир кардан ва бо таври мунтазам ба варзиш машғул шуданд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...