Мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа»
31-уми марти соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» доир гардид. Дар чорабинии илмии мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД фаъолона иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини сардор қайд намуд, ки ҳамкории милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсияро ташкил намуда, тақозои замон ба шумор меравад. Яъне, мазмуни асосии ҳамкории ин ниҳоди қудратии давлатро бо ҷомеа ду ҷанбаи муҳим ҳамчун ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия ташкил менамоянд: баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии корманди милитсия ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва хизматрасонии сатҳи баланди милитсия ба ҷомеа.
Дар асоси барномаи мизи мудаввар тибқи регламенти муқарраршуда сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2, подполковники милитсия Абдулаҳадзода А.А., дар мавзӯи «Принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва аҳамияти он дар ислоҳоти милитсия», муаллим-ҳамкори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, Ғуломов Қ.Ҷ., дар мавзӯи «Баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ», дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н., дар мавзӯи «Проблемаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, подполковники милитсия Айдархонзода Шукрихудо дар мавзӯи «Таъмини қонуният дар фаъолияти милитсия», муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия Ғафурзода Далер Афзалшо дар мавзӯи «Муошират ва зебоипарастӣ дар фаъолияти милитсия» ва муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия Урфонзода Дониш Садоншо дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба мақсади пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо» бо маърӯза баромад намуданд.
Дар охири чорабинии илмӣ тамоми иштирокчиён ба таври фаъолона ҷиҳати муҳокимаи проблемаҳои амалӣ ва монеагиҳои сунъии рахнакунандаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ширкат варзиданд.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., тавсияҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёнро мавриди дастгирӣ хонда, қайд кард, ки маърӯзаҳо бо такмили иловагӣ ба нашр расонида шуда, аз ҷониби омӯзгорон ҳангоми гузаронидани дарсҳои лексионию машғулиятҳои амалӣ дар байни курсантон ва шунавандагон мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Нуриддинзода С.Н.
Убайдуллоев Ш.Э.