Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД

DSC00014

Яке аз соҳаҳои мустақили илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони истиқлолияти кишвар ба асосҳои бунёдии он заминаҳои воқеӣ гузошта шуда, аз доираи соҳаи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илм мубаддал гардидааст. Дар ин ҷода нақши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мақоми шоиста дорад.

25 марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои танзим ва ҳамкории воҳидҳои оперативии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», бахшида ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ» меҳмонон аз мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқони кишвар ва омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон доир гардид.
Дар оғози кори конфронсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р., баромад намуда, меҳмонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрумақдам гуфта, барояшон барору комёбӣ таманно намуд.
DSC00038

Сипас, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р., дар мавзӯи «Баъзе пешниҳодот вобаста ба мукаммалгардонии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», баромад намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ташкил намудани чунин чорабинии илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯӣ «Масъалаҳои танзим ва ҳамкории воҳидҳои оперативии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», яке аз чораҳои саривақтӣ мебошад. Инчунин қайд намуд, ки дар самти амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ проблема ва мушкилиҳое зиёде мавҷуданд, ки аз масъулини соҳа нигоҳи касбӣ, таҳлилӣ ва тадқиқиро тақозо менамояд. Дар баромади худ Шарифзода Ф. Р., таваҷҷуҳи ишитркчиёни конференсияро ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ҷалб сохта, барои дар оянда мукаммалсозии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳодҳои худро иброз намуд.
Тибқи барномаи конференсия, иштирокчиён аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати мудофиа; Вазорати корҳои дохилӣ; Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия; Хадамоти гумрук; Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ; Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир; Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мавзӯъҳои худ дар кори конференсия баромад намуданд.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурии мавзӯи конференсияи мазкур гузаронида шуда, баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокичиёни мизи мудаввар якқатор пешниҳодҳо барои такмил додани қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ манзур гардид.
Дар охири кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р., баромад намуда, қайд карданд, ки баргузор гардидани чунин конференсия дар мавзӯи баррасишуда боиси он мегардад, ки проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодоти мушахас дар самти мукаммалсозии қонунгузории соҳа манзур карда шаванд.
Ҳамзамон, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории судманди мақомоти дахлдор чунин чорабиниҳо ба таври мунтазам дар минтақаҳои кишвар бо ҷалби кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва субъектони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор шуда, натиҷаи масъалаҳои баррасишуда дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гарданд.
Абдулло А. Р., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...