Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

DSC08978

19 - уми марти соли 2022 дар Академияи ВКД, бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, дар доираи ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедра, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи Аҷам, маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ», баргузор гардид. Маҳфили илмӣ-адабиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академия ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори маҳфили илмӣ-адабӣ меҳмонон, омӯзгорон ва шогирдон иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ-адабӣ ва қироати шеърҳо дар васфи наврӯз бо забонҳои русӣ ва англисӣ баромад намуданд: Муҳаммад С.А. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Рамзҳои наврӯзӣ», Гадозода М. Д.- муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.филологӣ, майори милитсия дар мавзӯи «Наврӯз: аз ойинҳои мардумӣ то ҷашни байналмиллалӣ», Ташрифзода Ф.Қ. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Наврӯз эҳёгари фарҳанги миллӣ», Султонзода В.И. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия, дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Наврӯз», Идибекзода Ш. – сардори кабинети таълимии кафедраи фанҳои ҷамиятӣ, лейтенанти милитсия, дар мавзӯи «Тобиши Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ», Муродов Ф.- курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯзи байналмилалӣ», Холиқов Б.- курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Суннатҳои Наврӯзӣ», Олимзода П.П.- курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Тавсифи таърихи ҷашни Наврӯз», Қироати шеър бо забони русӣ аз ҷониби курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамзаев Амиртемур дар васфи Наврӯз, Табрикоти наврӯзии курсанти курси 3-юми факултети №5 Академияи ВКД, Рақамова Роҳила, аъзои ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо забони англисӣ.

Албатта, Наврӯз дар миёни аҳли башар ягона ҷашнест, ки оину суннатҳои зиндагисози он аз гузаштаҳои ниҳоят дури таърихӣ то ба имрӯз боқи монда, эътибору манзалати худро ҳифз намудааст, ки онро миллату халҳои дигар ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги ориён пазируфта бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Барои миллати тоҷик ва умуман тоҷикистониён боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки бо ибтикори фарзанди ҷонсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии СММ 26 феврали соли 2010 қароре қабул кард, ки ҷашни бостонии нажоди ориёӣ-Наврӯз ҳамчун нишони тамаддуни ҷаҳонӣ умумимиллӣ эълон шуд.
Бояд хотирнишон сохт, ки мо тоҷикон ва умуман мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин мероси гаронбаҳои ниёгонро аз ҳаводиси рӯзгору тӯфонҳои щадиди таърих ҳифз намудем, гиромӣ доштем ва ба он шукӯҳу ҷилои тоза бахшидем.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ адабӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С.А., сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд, ки файзи истиқлол мақому манзалати Наврӯзро аз нав устувору побарҷо намуда, мақоми ҷаҳонӣ бахнид. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Наврӯз додани мавқеи иди миллӣ ва ҷаҳор рӯз ҷашн гирифтану истироҳат эълон намудан, самараи истиқлолияти давлатӣ ва гувоҳи сиёсати пайгиронаи эҳёбахши сарвари бофарҳангу миллатдӯсти давлати тоҷикон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Самиъзода Б.С., омӯзгори Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...