Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврӯзи Аҷам

4652156Ҷоно, даро ба хона ҳуснат ба ҷойи Наврӯз,
Дар пот сар ниҳода сар рӯю ройи Наврӯз.

Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазорсол тӯл мекашад.Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад. Арӯси фасл кӯҳҳоро бо қолинҳои махмалии сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсонӣ баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаву рӯдҳои софу мусаффо бо беқарорию ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешаванд.Наврӯз бо умедҳо ва орзӯю ормонҳои нек ҳамроҳ буда инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад.
Воқеан, фармудаанд, ки агар ҳар кас Наврӯзро бо шодию сурур ва бо покию сафову озодагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол намояд, соли нав барояш соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд.
Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, расму оинҳои ниёгон, хушнудиву болидахотирӣ ва тақдими самимтарин тамманиёту беҳтарин орзуҳо санаи 18 марти соли 2022 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ориён», ки бо ташаббуси роҳбари илмӣ, муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Н.Д. бахшида ба иди Наврӯз викторинаи ҷолибе гузаронида шуд.
Викторинаро муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. оғоз намуда ҳамаи ҳайати шахсиро бо Наврӯзи аҷам табрик намуда дар фаъолияти кориашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Инчунин дар хотима ҳамаи курсантони ғолибшуда бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Давлатзода Н.Д., муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...