Иштироки олимони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ
Новобаста ба мушкилоту проблемаҳои зиёде, ки дар вақтҳои охир дар саросари ҷаҳон рух дода истодаанд, илм сарҳадхоро васеъ намуда, олимони ҷаҳонро ба ҳам наздик мекунад. Инчунин ҳамкории Академияи ВКД бо муассисаҳои таълимии олии кишварҳои дуру наздик дар як ҷой намеистад ва марзашро васеъ мекунад. Инак, 17 марти соли ҷорӣ мутахассисони Академия дар кори конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами фаъолияти судӣ, ҳуқуқмуҳофизавӣ, ҳуқуқҳифзнамоӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ», ки ба муносибати 50-солагии кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ба номи А.А. Хмирови Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Россия бахшида шуда буд, дар шакли он-лайн иштирок намуданд.
Дар рафти конференсия ҳамчунин, мутахассисони барҷастаи худи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ветнам ва Ҷумҳурии Сербия иштрок намуда, оид ба масъалаҳои гуногуни мубрами мурофиаи ҷиноятии давлатҳои худ маърӯзаҳоро пешниҳод намуданд.
Аз номи Академияи ВКД сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия А.А.Арипов бо маърӯза дар мавзӯи «Истифодаи воситаҳои техникии ҳозиразамон барои нигоҳ доштани натиҷаҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимон ва дигар иштирокчиёни конференсия ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод шуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД