Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисоси кормандони Академияи ВКД дар ДМТ

Дипломи такмили ихт. Самиев Н.М 001Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи ВКД ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи ихтисоси кормандон дар заминаи Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. ва котиби Шӯрои олимони Академияи ВКД н.и.ҳ., полковники милитсия Абдурашидзода А.А. аз санаи 9-ноябри соли 2021 то 11-феврали соли 2022 аз курси пурраи такмили ихтисос аз рӯи ихтисоси «ҳуқуқ» гузашта соҳиби дипломҳо гардиданд.

Маросими тантанавии супоридани дипломҳо дар Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ баргузор гардид.
Барои гирифтани дипломҳо роҳбарияти Академия кормандонро самимона табрик намуда, комёбиҳои нави педагогӣ орзуманд аст.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...