Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Академияи ВКД бо Сипосномаи Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардид

cипоснома

Нақши матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле калон аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хос дода шуд. Рӯзи 19-уми марти соли 2013, таҳти №961 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
Солҳои зиёд то таъсиси нашрияи «Набзи милитсия» ҳаёти ҷамъиятии Академияи ВКД тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. Маҳз бо туфайли ташаббуси шахсии сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нашрияи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо номи «Набзи милитсия» таъсис дода шуда, 24-уми августи соли 2015 таҳти №0383/РЗ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Санаи 12-уми апрели соли 2021 бошад, ин нашрияи Академияи ВКД дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №242/РЗ аз нав ба қайд гирифта шуд.
Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11-уми март қайд карда мешавад, нашрияи «Набзи милитсия» барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат, таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва нақши созгор дар тарбияи маънавии насли ҷавони кормандони милитсия бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Роҳбарияти Академияи ВКД ҳайати эҷодии «Набзи милитсия» ва ҳамаи онҳоеро, ки бо нашрияи мазкур ҳамкорӣ доранд, бо ин дастоварди муҳим самимона табрику таҳният гуфта, дар корҳои эҷодии онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.
С. Сафарзода, Ш. Убайдуллоев

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...