Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос бо Воҳиди махсуси ВКД

DSC00280Вобаста ба иҷро гардидани бандҳои протоколи ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз ҷониби кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6, Академия нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ омода гардида, дар мувофиқа бо роҳбарияти Воҳиди махсус аз санаи 8 феврал то 7 марти соли 2022 машғулиятҳои дарсӣ гузаронида шуд.

Машғулиятҳоро дар асоси китоби дарсии қисми умумӣ ва қисми махсуси «Фаъолити оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ. таҳия гардидааст, бо роҳи назариявӣ ва амалӣ, аз ҷониби сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Аҳтамшозода С.А. гузаронида шуданд.
Машғулиятҳо ҷолиб, озод ва бо баҳсу мунозираи судманд гузаронида шуда, кормандони оперативӣ аз курси мазкур қаноатманд гардида, ғизои маънавӣ гирифтанд ва савияи донишҳои ҳуқуқии худро дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ такмил доданд.
Дар таърихи 7 феврали соли 2022 сардори Академии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба кормандони шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди гузаштани курси кутоҳмуддат «Сертификат» тақдим намуданд.


Аҳтамшозода С.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...