Ғолибияти мутахассисони Академияи ВКД дар Озмуни байналмилалӣ
Аз 15 июн то 15 ноябри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии ВКД Россия 4-ум Озмуни байналмилалии «Китоби илмӣ» (Научная книга) баргузор гардид. Дар озмун 167 кори илмӣ аз 52 муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ аз Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи ВКД Қазоқистон дар ш. Алмата ба номи М. Есбулатов, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Донишкадаи ВКД Беларус дар ш. Моглиев, инчунин, аз 17 муассисаҳои таълимии системаи ВКД Россия, Донишгоҳи прокуратураи Федератсияи Россия, Донишгохи ҳарбии Вазорати мудофиаи Россия, Академияи гумруки Россия, Донишгоҳи Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия ва ғ. пешниҳод шуда буданд.
Асарҳои пешниҳодшуда ба 28 номинатсия тақсим шудаанд ва ҳар як кор ду маротиба аз тақриз гузаронида шуда буд. Ғолибон аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи комиссияи экспертӣ, ки ба ҳайати он олимони варзидаи Академияи идоракунии ВКД Россия, Институти тадқиқотӣ-илмии умумироссиягии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Москва ба номи В.Я. Кикот ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандои ВКД Россия дар ш. Домодедово шомил буданд, муайян карда шуданд.
Боиси хурсандӣ мебошад, ки дар қатори иштирокичиёни Озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Тоҷикистон ҳам буданд. Ба Озмун 5 номгӯй корҳои илмӣ тадқиқотии ҲПО ирсол карда шуд. Ва хурсандиовар ин аст, ки дар байни 52 муассисаҳои илмӣ ва таълимии ИДМ корҳои илмӣ монографияи омоданамудаи сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, дотсенти кафедраи Академияи идоракунии ВКД Россия Улянов А.Д. “Организаторская работа руководителей территориальных органов МВД Республики Таджикистан по обеспечению общественной безопасности” дар номинатсияи “Совершенствование деятельности органов внутренних дел” иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал ва монографияи дигари сардори Академия Шарифзода Ф.Р. “Информационное пространство правоохранительной деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан в сфере обеспечения национальной безопасности государства” дар номинатсияи зикргардида иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардидааст. Ғайр аз ин, дар номинатсияи “Амнияти миллӣ” монографияи Шарифзода Ф.Р. “Органы внутренних дел в системе национальной безопасности Республики Таджикистан” соҳиби ҷойи аввал гардидааст.
Дар номинатсияи “Такмилдиҳии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ҳайдарзода З.П. бо монографияи “Правовые и организационные основы деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан по противодействию торговле людьми» ҷойи дуюм ва дар номинатсияи «Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд» - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Муминов У.К. (Каримзода У.К.) бо монография «Конституционно-правовой статус иностранных граждан в Республике Таджикистан и роль органов внутренних дел в его обеспечении» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Аз ин хотир, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, афсарону курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони Озмунро самимона табрик менамоем.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.