Кушодани лабораторияи компютерӣ дар Академияи ВКД
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барномаҳои зиёде таҳия гардидаанд, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шуда, ояндаи хуби пешрафти ӯ ва боло рафтани мақоми занро дар ҷомеа муайян менамояд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин намудани занони фаъолу лаёқатманд дар ВКД, сафи занони соҳибмаълумот афзуда истодааст.
Имрӯзҳо шумораи занон дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ба куллӣ фарқ мекунад, зеро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин намудани занони соҳибмаърифат чун ба як рукни муҳимми сиёсати давлатдорӣ муносибат менамоянд. Занҳо аз иҷрои вазифаҳои бардӯшдоштаи хеш бо сарбаландӣ баромада, мавриди дастгирии роҳбарияти Вазорат қарор доранд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бароштани нақши зан дар МКД ва амалӣ намудани бандҳои лоихаи пешбарӣ намудани занон дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятию сиёсие, ки аз тарафи Барномаи САҲА дар Душанбе бо ҳамкорӣ бо Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда истоддаст, санаи 11 марти соли ҷорӣ дар Академияи ВКД лабораторияи компютерии махсус барои кормандзанон ва курсантдухтарон кушода шуд, ки он аз тарафи Барномаи САҲА бо 20 адад компютерҳои замонавӣ, ду принтер, проектор ва дигар лавозимоти техникии зарурӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Мақсади лаборатория омӯзонидани аз тарафи духтарон ва занон асосҳои компютерӣ ва такмили дониш дар соҳаи технологияҳои муосир мебошад. Ин ҳадаф
Дар чорабинӣ аз тарафи роҳбарият муовини аввали сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ва аз тарафи Барномаи САҲА – муовини роҳбари Офис, хонум Теа Ҷалиашвили иштирок намуда, иброз доштанд, ки ҳамкорӣ байни ВКД ва Барномаи САҲА дар Душанбе дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, бахусус дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД боз ҳам таҳким меёбад.