Забондонӣ ифтихор аст!
Зери ҳамин унвон бо иштироки курсантони курси якуми факултетҳои №2, 5, 6 бахшида ба «Рӯзи Модар» маҳфили илмии курсантони кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД «Забондон» баргузор гардид.
Курсантон аз таърихи ҷашни 8-уми март, суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи модар, «Дасти дуои модар»-и устод Лоиқ Шералӣ, «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзода, суханҳои мутафаккирону шоирону олимони барҷастаи кишварҳои мухталифи дунё, бо забонҳои русӣ ва англисӣ суханронӣ намуда, бори дигар собит сохтанд, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд. Зеро забондонӣ-ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзаҳои хаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст.
Албатта, ҳар як давлату миллат забони модарии худро дорад.
Барои ҳар фард забонии модариаш муқаддас аст, вале мо мардуми тозаандеш ба ғайр аз забони худ бояд забони давлатии дигар халқу миллатро биомӯзем, то бо мардуми ҳамон кишвар озодона суҳбат карда тавонем.
Маҷонова Н.М., лейтенанти милитсия