Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон

DSC00215

5-уми марти соли 2022 дар Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе бо мақсади таблиғи намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш ва оид ба рушди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, мусобиқаи тирпарронӣ дар байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе, бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар – 8 март баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи номбурда курсантони Академияи ВКД дар байни 18 донишгоҳу донишкадаҳо фаъолона иштирок намуда ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.
Барои иштироки фаъолона ва гирифтани ҷойҳои намоён дар мусобиқа ба намояндаи даста муаллими кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Салимзода Мамадраҳим Салим Ҷом супорида шуд.
Дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба иштирокчиён ва ғолибони озмуни номбурда туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...