Машқҳои омӯзишии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар байни курсантони курси якуми факултетҳои №2, №5, №6-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри тақвияти риояи Оинномаи интизоми дохилӣ бо ширкати муовини аввали сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким, сардорони факултетҳо, шуъбаи таълим, воҳидҳои таълими низомӣ дар байни курсантон машқҳо оиди риояи Оинномаи интизоми дохилӣ, тартиби меъёрҳои анҷоми хобравӣ дар хобгоҳи Академия гузаронида шуд.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. таъкид намуд, ки гузаронидани чунин машқҳо мунтазам буда, интизоми курсантонро баланд мебардорад ва ба вазъи руҳӣ ва саломатии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Бо гузаронидани ин машқҳо худи курсантон ба тартиби ба хобгоҳ ворид шудан, истифодаи дурусти анҷоми хобравиро аз худ намуданд.
Ҳамчунин изҳор карда шуд, ки натиҷаи чунин машқҳо дар охири ҳафта ҷамъбаст гарида, пешсафон аз ҷониби роҳбарияти Академия ҳавасманд гардонида мешаванд.
Асламов Б.С., Сафаров Б.Ҳ., кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон