Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар дар Академияи ВКД

OSH 49844-уми марти соли 2022 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Академия, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, бонувону кормандзанон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Чорабиниии тантанавиро сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани табрикӣ ифттитоҳ намуда, иброз намуд, ки дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21-декабри соли 2021 таъкид намуданд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин ҳама ғамхориҳо баҳри беҳбудии мавқеи зан-модар равона гаштааст. Дар ВКД ва Академия Шӯрои занон ва духтарон амал менамояд, ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузург мебозад.
Сардори Академия ҳайти бонувон ва кормандзанонро ба Иди модарон аз номи Вазири корҳои дохилӣ табрику таҳният намуда, масъулини шуъбаи кадрҳо Фармоишҳоро ба муносибати қадрдонии бонувон ва кормандзанони Академия қироат карда, кулли онҳо бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барои болидаруҳии бонувону кормандзанон ва ҳайати шахсӣ барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид, ки мазмуни он васфи Модар-Ватан, баҳор, муҳаббати покро тараннум намуд. Дар консерти идона ҳунармандони маъруфи кишвар Толиб Абдуллоев, Тобиш Ҳилолӣ, Зафар Аюбӣ, Муслима Давлатова, Камила Раҳимова ва дигарон табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Дар фарҷом сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар бонувону кормандзанонро бо Иди Модар самимона шодбош намуда, дар хизмати софдилона ба Ватан, пойдории оилаи тоҷик орзуҳои нек ва хушбахтӣ таманно намуд.

OSH 5030
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...