Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди курсантони Академияи ВКД аз Китобхонаи миллӣ

image-03-03-22-10-45

Ҷиҳати баланд бардоштани завқу рағбати китобхонии курсантон ва иҷроиши таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхони.
Дар таърихи 1 марти соли ҷорӣ курсантони курси сеюми факултети №2, гуруҳи таълимии 307 бо ҳамроҳии куратори гуруҳи таълимии мазкур лейтенанти калони милитсия Фахридинзода Ҳамза Саидумар аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар назди китобхонаи миллӣ садорати китобхона ташрифоварандагонро қабул намуда, барои шиносоӣ ба онҳо роҳбалад ҷудо намуданд. Бо ҳамроҳии роҳбалад гуруҳи таълимии мазкур аз китобхонаи бошукуҳи ҷумҳурӣ, ки калонтарин китобхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва теъдоди зиёда аз 6-миллион нусха китобҳои илмиву бадеи ҷой гирифтааст дидан намудем. Аз ҷумла аз толорҳои бошукуҳи ин даргоҳи муқаддас аз қабили толори хониш, толори намоиши китоб, толори матбуоти даврӣ, толори хониши адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, толори хониши электронӣ ва дигар толорҳо аз низдик ошноӣ пайдо намудем. Дар рафти шиносоӣ курсантон аз роҳбалад ва масъулини китобхона бисёр суолҳо намуданд ва аз ҷониби масъулини китобхона ба саволҳои пешниҳод намудаашон ҷавоб гирифтанд.

image-03-03-22-10-45-1
Дар вақти ворид гардидан ба толори хониши китобхонаи миллӣ курсантон аз шеърҳои пурмазмуни шоир Ниҳонӣ ошнои пайдо намуда шеърҳоро бо завқи баланд мутолиа карданд ва аз ин шеърҳои пурмазмун баҳраманд гардиданд.
Ҳамин тариқ боздид аз китобхонаи миллӣ ва шиносоӣ аз китобҳои манфиатбахши ин даргоҳ ба руҳияи курсантон таъсири мусбӣ расонида завқу шавқи онхоро ба китобхонӣ бозҳам дучанд гардонид.
Сафарзода С.Н., Фахридинзода Ҳ.С.,

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...