Саҳми бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мавқеи зан - модар дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ
Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21-декабри соли 2021 иброз намуданд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд. Барои солҳои 2001-2010 «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояш дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад. Инчунин, маҷаллаҳои оммавӣ аз ҳаёти занон иттилоъ медиҳанд. Дар Маҷлиси Олии ҶТ Кумитаи занон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология амал менамояд. Чунин комиссияҳо дар дигар сатҳи мақомоти намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ амал менамояд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон , занону духтарон фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо дар воҳидҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар ин Вазорат Шӯрои занон ва духтарон амал менамояд,ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузургро мебозад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба мавқеи занону духтарони ВКД таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД ба назар расида дар парадҳои ҳарбии идҳои давлатӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. Барои тарбияи қӯдакони онҳо боғчаи бачагона амал намуда,дар назди ансамбли «Сипар»,ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД гурӯҳи хурдсолон аз ҳисоби фарзандони кормандзанон амал менамоянд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона щиркат меварзанд, ки дар фазои давлатҳои ИДМ камназир мебошад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.