Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ - амалӣ бахшида ба таъсисёбии “Рӯзи криминалистика”

55555444

Мутобиқи нақшаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва таълимӣ - методии устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиави барои соли таҳсили 2021-2022 рӯзи 1 марти соли 2022 дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба таъсисёбии «Рӯзи Криминалистика - 1 март» бо иштироки ШТК Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳайати профессорон, устодон ва курсантони курси 4 ва аъзоёни маҳфили “Ҳуқуқшинос”-и факултети зикршуда дар мавзӯи «Инкишоф ва нумӯи илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкил ва баргузор гардид.

Коференсияи илмӣ-амалиро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, муфассал доир ба мафҳуму моҳияти фан, аҳамият ва робитаи он байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маълумот доданд.

Сипас аз рӯйи барномаи конференсия дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ полковники милитсия Мақсадзода О.И. дар мавзӯи «Дастовардҳои илми криминалистика дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оиди инкишоф ва рушди он дар замони соҳибистиқлолии кишвар баҳри муқаррар кардани ҳақиқати воқеӣ дар мурофиаи судӣ - ҷиноятӣ, таъмини адолати судӣ ва пешгирии ҷиноят, дотсенти кафедраи тайёрии ибтидои ва такмили ихтисос полковники милитсия Мухиддинзода Х.Ғ., дар мавзӯи “ Ба ҳисобгирӣ ва истифодаи қайдҳои криминалистӣ дар МКД”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Муллобоев М дар мавзӯи:
“Ҳамкории мақомоти тафтишот бо шӯъбаи ташхисӣ-криминалистӣ зимни баргузории амалҳои тафтишотӣ” ва курсанти курси 4- и факултет қатории милитсия Каримова М дар мавзӯи: “Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва намудҳои он” баромадҳои ҷолибу хотирмонро бо слайдҳо ва аёниятҳо пешкаши ҳозирин намуданд.

Қисмати амалии конференсия дар саҳни факултет доир ба “Тарз ва усулҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар ҷиноятҳои куштор бо истифодаи силоҳи оташфишон ва сард” намоиш дода шуд. Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории он сардори шӯъбачаи ташхиси криминалистии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Сугд, майори милитсия Азиззода Ҳ.А., доир ба тартиби гузаронидани ин амалӣ тафтишотӣ дар амалия бо истифодаи воситаҳои техникӣ-криминалистӣ ва автомашинаи сайёри криминалистӣ курсантонро ошно намуд.

445444454454

Дар конференсия ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултет саволҳо пешниҳод намуда доир ба он посухҳои мушаххас гирифтанд ва қайд карданд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявии онҳо кӯмак хоҳад кард.

Зарифзода Б.М., муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...