Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

21 феврали соли 2022 дар майдончаи сафороии факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ аз тарафи кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ бо иштироки сардори факултет, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ва баъдан дар толори маҷлисгоҳи факултет бо иштироки муовини факултет оид ба қисми таълим полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., устодону омӯзгорон ва курсантон, баргузор гардид.

111144

Сараввал дар майдончаи сафороӣ сардори факултет, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., конференсияро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки имрӯз Тоҷикистони мо он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест ва ба найрангу дасисаҳои гурӯҳҳои мухолиф бовар нахоҳад кард. Хираду заковати миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва ҳамеша сулҳу оромиро тараннум менамояд.
Сипас нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи факултет муовини сардори факултет оид ба қисми таълим полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., конференсияро идома бахшида ба ҳозирин хотирнишон сохт, ки 23 феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи конференсия муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ лейтенанти калони милитсия Абдукаримзода М.А., дар мавзӯи «Таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ» бо маърӯза баромад намуд.

Дар хотимаи конференсия байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида иштирокчиён доир ба давраҳои таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша намуданд.

Абдукаримзода М.А., муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...