Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАВРАҲОИ ТАЪРИХИИ ИНКИШОФИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ

44444

Санаи 22.02.2022 сол дар дар толори маҷлисгоҳи Шурои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустучуӣ Мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни мизи мудавварро аз номи роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, курсанти курси 4-ум, милитсия қаторӣ Савриев М. бо маърӯза баромад намуда дар мавзӯи «мафҳуми шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ намуд ва баъди баромад бо курсанти курси 4-ум, милитсия қаторӣ Савриев М. доир ба мавзӯи баромадкардааш саволу ҷавоб карда шуд.
Пасон курсанти курси 4-ум, сержанти хурди милитсия Алидодова Д. бо маърӯзаи худ баромад намуда дар мавзӯи «шартҳои умумӣ барои гузаронидани ҳаммаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ кард.
Дар анҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиёни мизи мудаввар, сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., ва муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия Комилзода З.К. саволу ҷавоб дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо вобаста ба кори ҳамарӯзаи ваколатдори оперативӣ сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.

44445

Қайд кардан зарур мебошад, ки бо баррасӣ намудани мавзӯи баррасишаванда курсантон тасаввуроти бой пайдо намуданд. Натиҷаи гузаронидани маҳфил нишон дода истодааст, ки дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши ин фанн шавқу рағбати хоса пайдо намуда истодаанд.

Ибрагимзода Ҷ.И.- муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД майори милитсия

Ализода А.А.- сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...