Дар Академияи ВКД Рӯзи Артиши миллӣ бошукӯҳ таҷлил гардид
Рӯзи 21-уми феврал дар толори фарҳангии Академияи ВКД таҷлили ботантанаи Рӯзи Артиши миллӣ бо иштироки сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, меҳмонону собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, олимон, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва кормандон баргузор гардид. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас сардори Академия дар бораи лаҳзаҳои таърихии таъсиси Артиши миллӣ ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Мавсуф зимни баромад оид ба рушду такомули Артиши миллӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ маърӯза намуда, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи муборак табрику таҳният намуд.
Тавре ӯ иброз намуд, мо бояд ба қадри заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи саросарӣ бирасем, ҳамеша дар пойдории манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омода бошем.
Дар идомаи маҳфили идона полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғоибов дар мавзӯи «Артиши миллӣ - зодаи даврони Истиқлол» маърӯзаи муфассал намуд.
Дигар иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла омӯзгорон аз ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи ВКД дар мавзӯъҳои «Истиқлол ва Артиши миллӣ» ва «Ватандӯстӣ омили асосии истодагарӣ дар муқобили андешаҳои ифротгароӣ» маърӯза намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Академия барномаи бошукӯҳи консертӣ пешкаш гардид, ки муҳтавои он аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд.
Б. Асламов,
Ш. Убайдуллоев