Хатми курси кȳтоҳмуддат
Дар Паёми навбати худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва тамоми шароити заруриро муҳайё кардан қайд гардид.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар асоси нақшаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Хамро дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар самти фаъолияти маъмурӣ бо кормандони муассисаи нақлиёти ва маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатарӣ»-и РБДА аз 7-уми феврал то 19 феврали соли 2022 гузаронида шуд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмонали бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ин соҳа олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия ва кафедраҳои тахассусиро барои гузаронидани машғулиятҳо сафарбар намуданд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ва сардори факултети №3 н.и.ҳ., подполковники милитсия Амрудинзода М.А. ба хатмкунандагон шунавандагон шаҳодатномаҳо дода шуданд.
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарзода.