Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён

image-18-02-22-03-16-1

16 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии сардори факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Аҳёзода Ш.Т. бо омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро сардори Раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суфиев Ф., оғоз намуда, мақсади вохӯриро ба донишҷӯён шарҳ дода, ҳамзамон дар қатори дигар хатарҳои замони муосир содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистиро зикр намуд ва вохӯрии мазкурро зарурӣ ва саривақтӣ номид. Сипас, риштаи сухан ба дотсент Сафарзода Ҳ.С., дода шуд.
Сафарзода Ҳ.С., дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ” баромад намуда, сараввал доир ба ҷанбаҳои таърихии муқовимат ба экстремизм ба аҳли толор маълумоти муфидро пешкаш намуда, изҳор намуд, ки яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ огоҳ набудан аз таъриху фарҳанги ғании миллати хеш мебошад. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд, ки "Шоҳнома"-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, романи “Фирдавсӣ”-и нависандани халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, асарҳои “Олим ва мутааллим”, “Фиқҳи абар”- Имом Абуҳанифа ва ашъори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Румӣ, Синову Саноӣ ва дигар мутафаккирони варзидаи миллати форсу тоҷикро, ки ҷавҳари асосии дини мубини Ислом дар онҳо хеле хуб ифода ёфтаанд, бо таври васеъ ба муқобили тафаккури ифротгароён истифода баранд.
Ҳамчунин, Сафарзода Ҳ.С., зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони кишвар ба талқини дурусти ақоиди таҳаммулпазири мазҳаби оламшумули «Ҳанафӣ» ва дуруст фаҳмонидани дастуру супоришҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ниёз доранд. Аз дастаҷамъона ва саривақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ояндаи имрӯзу фардои кишвари азизамон вобастааст, зеро бархе аз ҷавонони кӯтоҳандешу камсаводи мо фирефтаи ақоиди ифротии ҷосусони хориҷӣ гардида, бо дасти худ ба решаи хеш теша мезананд. Онҳо рӯз то рӯз аз фарҳанги оламшумули миллати хеш ва таъриху суннатҳои аҷдодӣ рӯ гардонида, бегонапараст шудаанд. Аз ватану миллат, ки хуни нофашон дар он ҷо рехта, ширу нони гарми модари тоҷикро хӯрдаанд, дар як лаҳзаи кӯтоҳ домангир шуда, ба сари онҳо мушт ранҷа кардаанд.
Баъд аз анҷоми баромади Сафарзода Ҳ.С., аз тарафи иштирокчиёни вохӯрии мазкур саволҳо дода шуд, ки аз тарафи Сафарзода Ҳ.С. ва Аҳёзода Ш.Т. ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.

image-18-02-22-03-16
Дар охир аз ҷониби Сафарзода Ҳ.С. якчанд нусха дастури таълимӣ – методӣ, зери унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ” ба иштирокчиёни фаъол тақдим карда шуд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...