Паём эҳёгари давлат
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати давлати сулҳпарвару ваҳдатовар буда, миллати бо ору нанги тоҷикро ба сӯи фардои нек ҳидоят менамояд. Зеро дар паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, инчунин рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҷавонон ироа шудаанд.
Дар асоси масъалаҳои баррасишуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, доир ба дигар самтҳои ҳаётан муҳими имрӯза суханронӣ намуда, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас доданд.
Самти дигари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатамон ин дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, нафақахурону маъюбон, пиронсолону бепарасторон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Бояд гуфт, ки сатҳи инкишофи ҷомеа, нуфузу мақоми миллату давлат, пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоии гӯруҳҳои эҳтиёҷманд вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз барои рушди илму маориф, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷуёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1-уми июли соли 2022- ба андозаи 20- фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳаҷми 25- фоиз дигар соҳаҳои буҷетӣ ба андозаи 20-фоиз ва музди миёнаи ҳади ақал ба андозаи 50-фоиз баланд бардошта шавад.
Албатта, чунин ғамхориҳо барои самаранокии корҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳар яки моро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои Паёмро дуруст дарк намуда, он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар назди мо гузоштанд, бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандустӣ саривақт иҷро намуда, ҳамеша бо кору пайкори созанда ва бо заҳматҳои содиқонаву аҳлонаи худ барои Тоҷикистони маҳбубамон самимона кору фаъолият намоем.
Лозим ба ёдоварист, ки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад, мутахассисонро дар соҳаи фаъолияти таҳқиқу тафтишот барои эҳтиёҷоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омода мекунад. Аз ин лиҳоз мо курсантон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро зарур аст, иқдоми саривақтии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, саршори кору фаъолияти худ намуда, баҳри таъмини сулҳу суботи кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъияту давлат, ободию шукуфоии мамлакат, арҷ гузоштан ба муқадасоти миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳиссагузор бошем.
Курсанти курси 4-и факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хурди милитсия Муродов Фарҳод Ғайратович