Паёми Пешвои миллат-роҳнамо барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД
Чун анъана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд. Паёми навбатӣ санаи 21.12.2021 баргузор гардид.Ба матни пурраи Паём ҳайати шахсии Академияи ВКД тавассути телевизон, матбуоти даврӣ ва баромадҳои сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ шиносоии пурра намуда, дар фаъолияти амалӣ ва рӯзмарраи худ онро сармашқи фаъолияти хеш намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари масоли гуногуни иҷтимоӣ-иқдисодӣ ба масъалаи тайёр намудани кадрҳо таваҷҷуҳи махсус аз ҷониби Пешвои миллат зоҳир карда шуд. Аз ҷумла Президенти кишвар иброз намуданд: « фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Чунин дастурҳои Пешвои миллатро ҳайати профессорону омӯзгорони Академия ва бахусус шуъбаи адъюнктура мавриди омӯзиш ва пешбурди ҳамачониба қарор дода кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва кадрҳои илмӣ-педагогӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмию-педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-юли соли 2008 таҳти №308 ва Низомнома «Дар бораи тайёр кардани кадрҳои илмию-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 06-майи соли 2019 дар шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД бо фармони сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. аттестатсияи адъюнктон ва унвонҷӯён дар назди комиссияи босалоҳият дар бораи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳолати иҷрои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳо гузаронида шуд.
Дар кори комиссия сардори шуъбаи адъюнктура н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. ва дигар олимон ширкат доштанд. Кори комиссияи аттестатсиониро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. ҷамъбаст намуда ба адъюнктон ва унвонҷӯн дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ бурдбориҳо таманно намуд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.