Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осорхона – макони омӯзиш

image-07-02-22-10-57-1Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тарбияи хештаншиносии ҷавонон, ба вижа фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми навбатиашон низ ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда, зикр карданд, ки “Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.
Огаҳ будан аз таърихи миллату касби хеш, корнамоии мардони шуҷоъ ва фаъолияти шабонарӯзиву дастовардҳои тӯли солҳо ба даст овардаи милитсияи тоҷик барои ҳар як соҳибкасб ва фарди ватандӯсту хештаншинос басо муҳиму ибратбахш аст.
Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар осорхонаҳои соҳавии кишвар таърихи бою рангин, саҳифаҳои дурахшони ташаккули таърихи милитсияи тоҷик ва дастовардҳои арзишманди мақомотро ҳифзу нигаҳдорӣ менамояд. Дар осорхона ҳамчун бозгӯкунандаи таърихи милитсияи тоҷик силоҳу воситаҳои муҳофизатӣ, либос, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар осори қадимӣ, ки дар замонҳои гуногун ҳомиёни назму тартибот истифода мебурданд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои мушаххаси роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Академия, шуъбаи кадрҳо ва Шӯрои кураторон ҳайати курсантони курси 1 факултетҳои № 2, 5 ва 6 таҳти роҳбарии кураторони гурӯҳҳои таълимӣ аз Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ, дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо нигораҳои қадима ва дастовардҳои милитсияи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ курсантон лаззати маънавӣ бардошта, аз таърихи ҳар як мусаввара, фаъолияти ҳар як корманди матинирода ва қаҳрамониҳои фарзандони баномуси миллат, ки баҳри соҳибистиқлолӣ ва низоми қонунияту тартибот ҷон бохтаанд аз наздик шинос шуданд ва нуқтаҳои зарурӣ ва саҳифаҳои ҷолибро бо худ навишта гирифтанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони варзидаи давронро ба воя расонад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Бо донистани гузаштаи худ метавон ояндаи дурахшони хешро таъмин сохт ва баҳри пешбурди он талош варзид.
Дар китоби меҳмонони Осорхонаи ВКД аз номи омӯзгорон ва курсантони Академия ба Вазири корҳои дохилӣ ва кормандони Осорхонаи ВКД ёддошт навишта шуд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо супориши сардори Академия мунтазам амалӣ гардида, ташрифи ҳайати доимӣ ва тағирёбанда ба китобхона, осорхона, мавзеъҳои таърихӣ , инчунин хона-музейҳо сурат мегирад.
Давлатзода М.М. Бойзода Ҷ. Ҷ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...