Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон насли ояндасози миллатанд

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли соҳибистиқлолӣ ироа гардид, ки фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд.
Паёми навбатии Сарвари миллат аз Паёмҳои солҳои гузашта тафовут дошт. Дар ин Паём Президенти кишвар ба муносибати сӣ солагии Истиқлоли давлатӣ бурду бохт ва дастовардҳои беназири мамлакатро дар ин раванд қайд намуданд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муҳтарами миллат дар ин сӣ соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон аз як давлати қафомондаи минтақаи Осиёи Миёна ба беҳтарину пешрафтатарин мамлакат табдил ётфааст. Инҷо танҳо нигоҳи нек, виҷдону инсоф ва ҳувияти миллӣ бояд дошт, ки тамоми дастовардҳои мусбати даврони соҳибистиқлолро пазируфту эътироф намуд.
Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа рӯҳу нерӯи тозае ба вуқӯъ мепайвандад ва зиндагии мардуми тамаддунофари тоҷик куллан рангу намои дигар гирифта, ҷомеа бо як дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рангин сохтани рӯзгори хеш мешавад.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонпаварона буда, ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахуст суханонашон, дар ҷаласаи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар дили ҷавонон бо пайкори созандаашон, ҳамчун пайкари осоиштагию амният, таҳкимбахши сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида, мавқеи хосса касб намуда, дар афкори ҷавонони муосири кишвар, чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст. Тоҷикистон, ки кишвари ҷавон аст ва 70 фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа, эътироф гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд: “Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”.
Ин суханони пурмуҳтаво ва эътимоду боварии ҳамешагии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони бедордил, ватандӯст, бонангу ори миллатро водор месозад, ки дар баробари ғамхориҳои рӯзафзун, дастгириву роҳнамоӣ, бовариву эътимоди Сарвари муаззами кишвар, то ҷон дар тан дорем барои ин миллату давлати азизамон содиқонаву софдилона бо дасту дили нияти пок ва бо дилгармӣ, хидмат намоем. Чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон то ба ҳол ба мову Шумо фардосозони Тоҷикистони азиз боварӣ доранд, пешниҳодҳои моро пайваста дастгирӣ менамоянд ва барои ояндаи дурахшони мо ҷавонон, тамоми шароитҳои муфидро бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, муҳайё намуда истодаанд.
Имрӯз ҳар як ҷавони Тоҷикистони маҳбуб, пеш аз ҳама бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, илмҳои замонавӣ ва технологияҳои навро омӯзад, пайваста талош варзад, ки номи миллати азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо корнамоиҳои неку созанда аз ин ҳам дида боло барад ва дастовардҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамонро ҳифз намояд. Ҷунки Пешвои миллат дар Паёмашон нуқтаи муҳими дигареро қайд доштанд: “Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз, беш аз пеш саҳм мегузоранд”
Инчунин Пешвои маҳбуби миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд: “Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит, ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини дар ин давара мебошад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешниҳод менамоям, аз 1 январи соли 2022, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25% ва дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд карда шавад. Аз 1 июли соли 2022, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муасисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20% зиёд карда шавад”.
Барои мо ҷавонон Пешвои миллат дар ироаи Паёми имсола рӯй оварда таъкид намуданд: “Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ, зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва илму ҳунар дорад дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ, бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем”.
“Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот, ҷомеа ба ҷое намерасад”.
IMG 20220121 133605 924Содиқов Муҳаммадҷон Муҳидҷонович, курсанти курси 5, Факултети №6, Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...