Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Он-лайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

IMG 20220128 120316Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки таърихи рӯзи 1 августи соли 2016 байни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус ба имзо расида буд, санаи 28 январи соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» дар режими он-лайн баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таҳқиқоти имлӣ гузаронида шуда истодааст.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия П.А.Насуриён, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба илм ва инноватсия, доктори фалсафа, дотсент Р.О. Нигматов, муовини сардори Донишгоҳи амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дотсент А.Ю. Давлитов баромад намуданд.
Анҷумани илмиро муовини сардори Академияи ВКД Беларусия оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Павел Гридюшко ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни он сухани муқаддимавӣ пешниҳод намуд.
Дар конференсия сардори кафедраи криминалистикаи Академияи ВКД Беларусия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Руслан Ропот презентатсияи дар мавзӯи «Падидаи Гусенсов - калимаи нав дар баллистикаи судӣ» пешниҳод намуд, ки ин кашфиёти илмии олимони Академияи мазкур мебошад. Ҳамчунин, дар рафти конференсия проблемаҳои мубрами оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ, равишҳои нави дар фаъолияти маъмурӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва ғ., ки аз тарафи намояндагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД/Политсияи ҷумҳурияҳои Беларусия, Озарбойҷон, Россия ва Ӯзбекистон пешниҳод шуда буданд, баррасӣ шуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...