Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафаккури стратегӣ ва манфиатҳои миллӣ

-01-28 131126Тафаккури стратегӣ - ин раванди равонӣ ва фикрӣ буда, бо назардошти комёбӣ дар бозӣ ё дигар намуди фаъолият истифода мегардад. Барои ба амалбарории тафаккури стратегӣ мавҷудияти идея ва имконият нақши асосӣ мебозад. Он метавонад, ки инфиродӣ ё дастаҷамъӣ бошад, ки ояндаро муайян карда тавонад. Яке аз ҳадафҳои муҳими тафаккури стратегӣ ин банақшагирӣ ва хулосабандӣ барои оянда мебошад. Ба ақидаи генерали франсавӣ Андре Бофре (соли 1963) тафаккури стратегӣ ин раванди фикрие мебошад, ки хусусиятҳои абстрактӣ ва ақлонӣ дошта, маводҳои психологӣ ва моддиро мавриди истифода қарор медиҳад. Стратег барои таҳлил ва ҷамбасткунии фикр бояд нерӯи бузурги ақлонӣ дошта бошад, воқеятро таҳлили амиқ карда, ҷамбаст намуда, хулосабарорӣ ва қарори дахлдор қабул карда тавонад. Дар илм ва ҷомеа мафҳуми ягонаи тафаккури стратегӣ вуҷуд надорад ва он вобаста ба масоили ҷамъиятӣ - сиёсӣ тағйир меёбад. Ҷомеаи инсонӣ исбот намуд, ки на ҳама вақт тафаккури стратегӣ дар асоси банақшагирӣ дуруст мебарояд. Достенти Донишгоҳи миллии мудофиаи Варшава Мариан Козуб менависад, ки «тафаккури стратегӣ ба воқеият ва масоили амниятӣ робита дорад, ки дар маркази муносибатҳои байналмилалӣ меистад».

Тафаккури стратегӣ ин бештар бо забони таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ мегардад, аз қабили хатари паҳншавии яроқи ядроӣ, терроризм, экстремизм, савдои одамон, инкишофи босуръати технологӣ ва оқибатҳои хавфноки он, хатарҳои экологӣ, инкишофи нобарорбари иқтисодии кишварҳо, ҷангҳои дохилӣ ва минтақавӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ғайра.
Дар адабиёти илмӣ беш аз 400-маънидодкунии мафҳуми «стратегия» мавҷуд мебошад, ки барои шароити муосир се гурӯҳи омилҳои онро ҷудо кардан мумкин аст:
1.Мақсад ва методи ҳокимияти ҳарбӣ дар фаъолияти сиёсӣ;
2.Дараҷаи муайянкунии мақсади стратегӣ ва тарзҳои амалигардонии он дар давлат;
3.Дараҷаи муайян кардани вазифа ва айнияти амалигардонии вазифаҳои комлексӣ.
Дар Хитои қадим Сун Стзи навишта буд: «Агар ту худат ва душманро донӣ ба ту садҳо муҳориба хавфнок нест. Агар ту худатро донию душманро не, ҳар як мухорибаи ту ба шикаст дучор меояд. Агар ту на худат ва душманро донӣ, ҳар як муҳорибаро шикаст хоҳӣ дод» - то ҳол дар санъати ҳарбӣ мазмуни актуалӣ дорад. Аз рӯи таҳлилҳои геополитикӣ тафаккури стратегӣ дурнамои реалияти воқеии кишварҳои ҷаҳонро муайян месозад. Дар ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти давлатҳои иштирокдори ИДМ 21-майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ин нуқта бори дигар мустаҳкам гардид: «Нақшаҳои ҳарбӣ - техникӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон дар масоили амниятӣ меафзояд, ки ин ҳолат аз таҳдидҳои Афғонистон рӯи кор меояд. Намудҳои ҳамкориҳо дар ҷодаи ёрӣ ба қувваҳои муссалаҳ, омодагии кадрҳо, дастаҳои таъиноти махсус ворид намудани техника ва таҷҳизоти радиолакатсионӣ афзоиш меёбад».
Яке аз ҳадафҳои муҳим дар ин самт ин пешгирии пахншавии маводи мухаддир дар сарҳадхои ҷанубии ИДМ, маблағгузории гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Тафаккури стратегии кишварҳои гуногун мутаасифона ба қавли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «бархе аз кишварҳо мутаасифона дар бозиҳои геополитикӣ аз стандартҳои дугона истифода мебаранд, ки вазъи сиёсии минтақаҳоро боз ҳам мураккабтар менамояд».
Дар маҷмӯъ тафаккури стратегӣ як қатор таҳдидҳои амнияти стратегиро барои Ҷумхурии Точикистон барои оянда муайян менамояд:
1.Ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатӣ;
2.Устувории асосҳои сохтори конститутсионии давлат;
3.Мавҷудияти неру ва захираи зарурии давлатӣ баҳри дифоъ аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ.
Асламов Б.С., Ҳабибзода Ҳ.Т., Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД ҶТ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...