Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳимоя муборак Академияи ВКД!

image-28-01-22-11-44-125 январи соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-059 назди Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ошкорои диссертатсияи Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.08-Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор гардид.
Диссертатсия зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода Анвар Ислом омода гардидааст. Ба ҳайси муқарризони расмӣ дар диссертатсия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, профессори кафедраи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва криминологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдурасулова Қумриниссо Раимқуловна ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Зокирзода Зафар Хайрулло баромад намуданд.
Ба ҳайси муассисаи пешбар бошад, Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» баромад намуд.
Хотиррасон бояд кард, ки диссертатсия дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода, муҳокима ва ба ҳимоя тавсия карда шудааст.
Табрик бошад Сӯҳроб Нарзуллозода!image-28-01-22-11-44-2

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...