Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гӯшаи китобҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии ВКД Россия ифтитоҳ гашт!

image-28-01-22-11-41-2

27 январи соли 2022 дар Китобхонаи умумии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия "Гӯшаи махсуси китобҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро" ифтитоҳ гашт.
Азбаски муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳамин Академия таҳсил намуда ва ҳанӯз соли 2004-ум рисолаи номзадиашро дар ҳамон ҷо дифоъ намуда буд ва то ба имрӯз тамоми беш аз 100 номгӯй китобҳои таълифкардааш дар Китобхонаи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия маҳфузанд, аз эҳтироми хоса бархурдор аст.
Бо шарофати ин ҳамкориҳои босамар беш аз 30 нафар адюнктону докторантони МКД Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо рисолаҳои номзадӣ ва докториашонро дар ин ҷо дифоъ намуда, беш аз 100 нафар фиристодагони МКД Тоҷикистон дар факултетҳои ин таълимгоҳи ВКД Россия таҳсил карда дар риштаҳои калидии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ифои вазифа доранд.
Имрӯз бо Қарори Раёсати Академияи ВКД Россия ва бо иштироки сардори Академияи мазкур, доктори илмҳои техникӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-лейтенанти политсия Конов Александр Николаевич ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ гӯшаи китобҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гашт.
Бояд қайд намуд, ки чунин ГӮША аз хориҷиён ягона аст дигар намояндагони ягон кишвари ИДМ ва соири мамолики хориҷӣ чунин гӯшае надоранд. Албатта ин ифтихору эҳтиром ва таваҷҷӯҳ ба миллату давлати тоҷикон мебошад.
Ҳамзамон, ёдовар бояд шуд, ки ин марди шариф Раҳимзода Рамазон Ҳамро яке аз беҳтарин Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, 23- юмин ВАЗИР дар 100 соли охир дар Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!
Аввалин ВАЗИРЕ, ки ба унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва профессор мушарраф гаштааст!
Аввалин ВАЗИРЕ, ки дар давраи роҳбариаш ба маротиб ба ШВКД-ҳо, Раёсатҳои ВКД, ҷузъу томҳои МКД, қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда бо ҳайатҳои шахсиашон мулоқотҳо барпо, монеаву мушкилиҳоро ҳал ва ба корҳои созандагию ободкориҳо асос гузоштааст;
Аввалин ВАЗИРЕ, ки тавонистааст беш аз 300 корҳои илмӣ ва талқиқотҳоро ба анҷом расонад, аз ҷумла беш аз 100 китобҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, методӣ, амалӣ, практикӣ ва ғайраҳоро ба чоп расонда, мавриди истифодаи умум қарор диҳад;
Аввалин ВАЗИРЕ, ки фаъолиятҳои оперативӣ-ҷустуҷуиро ба танзим дароварда, онро асос гузоштааст, даҳҳо китобу дастурҳо таълиф карда, факултети оперативӣ-ҷустуҷуиро дар назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, бинои 6 ошёнаро барои рушди ин соҳа бо тамоми таҷҳизоти замони муосир бунёд кардааст;
Аввалин ВАЗИРЕ, ки дар давраи роҳбариаш қариб тамоми биноҳои Шуъбаҳо, Раёсатҳо, ҷузъу томҳои МКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав сохтааст, таҷдид кардааст ва ин раванд сол ба сол афзуда истода рушду тавсия ёфтааст;
Дар давраи роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мубориза ба муқобили ҳама гуна намуди ҷинояткорӣ ба шаклу шеваи хоса даромада бар асари татбиқи дурусту ҷиддии ин масоил тинҷию амонӣ, ҷиддияту масъулият ва амалӣ намудани қонунҳо ба расмият даромада, зиндагии оромона дар марказу маҳал дар маҷмӯъ таъмин гашт;
Дар давраи роҳбарии ин афсари воломақоми ВКД муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ аз 2 то ба 5-то расонида шуда, биноҳои наву замонавии Академияи ВКД, Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи техникию оташнишонӣ дар шаҳри Данғара, бинои нави Маркази таълимии мубориза бо терроризму экстремизм дар шаҳри Душанбе сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки масалан ҳамтои бинои Академияи ВКД Тоҷикистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ИДМ нест ва дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад ва ин раванд бемайлон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Шахсияти нотарс, далер, ниҳоят масъулиятнок, софдил, босадоқат, ватандӯст, ғамхор, дилсӯз мебошад. Ҳадафаш ободии Ватан, таъмини тартибот, амнияту осоиши сокинони ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи он аст.
Комёбию пирӯзи ва дастовардҳо ҳамеша ҳамсафаратон бошад муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...