Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди ҳайати факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат

image-24-01-22-05-2122-юми январи соли 2022 ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои мушаххаси роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шунавандагони факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҳайати профессорону омӯзгорони факултети номбурда аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд.

Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои шоёни Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.
Шунавандагони факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигораҳои Осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.
Дар рафти шиносоӣ махсусан қайд карда шуд, ки баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, ки номбурда низ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Шунавандагони факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути экспонатҳои Осорхонаи Пешвои миллат аз ҳаёти давраи донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд. Зеро, на ҳама вақт имкон мегардад, бо чунин нигораҳои нодир, ки дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд, аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Мавриди зикри хос аст, ки Осорхонаи Пешвои миллат 22-юми январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Мақсад аз таъсиси додани ин Осорхона – ин тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маорифи кишвар мебошад.
Дар маҷмӯъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва шунавандагони факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъдаи эшон роҳнамои арзанда хоҳад гардид.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...