Озмуни академиявӣ аз фанни ФОҶ
Бо ибтикори Сардори Академия ВКД, шуъбаи таълим ва садорати факултети №6 санаи 21-уми январи соли 2022 дар Академияи ВКД озмуни академиявӣ аз фанни ФОҶ баргузор гарид, ки дар он довталабони факултетҳои №2 ва №6 курсантони курсҳои 5-ум Раҳимзода Ф., Хайруллоев С., Раҳимов В., Раҳимов М., Раҷабзода М., Муҳаммадрофеъи А., Турсунова М., Талбов И., Абдуллоев Х., Чилаев Ҷ., Содиқов М., Ҳайитзода П., Мирзоев Ҳ., Мирзозода Р., Қурбонов А., Хайруддинов Ҳ. ва дигарон ширкати фаъол намуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дар факултети №2 ғолибият насиби курсантон: Муҳаммадрофеъи А, (ҷои аввал), Раҳимов М.(ҷои дуюм) Раҳимзода Ф. ва Раҳимов В.(ҷои сеюм), дар факултети №6 Содиқов М. (ҷои аввал), Чилаев Ҷ.(ҷои дуюм), Абдуллоев Ҳ. (ҷои сеюм) гардиданд.
Ғолиби озмун дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ курсанти курси 5-уми факултети №6 сержанти хурди милитсия Содиқов Муҳаммадҷон Муҳидҷонович соли 2017 Литсейи 1-шаҳри Исфараро хатм намуда, моҳи сентябри соли 2017 пас аз хатми он ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
Роҳбарияти Академия ВКД ҳамаи ғолибни озмуни академиявӣ аз фанни ФОҶ - ро самимона табрик намуда, ба онҳо бурдбориҳои нав ба нав орзуманд мебошад.
Асламов Б.С.,Алимзода Д.А.