Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Академияи ВКД

20211229 110903Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст». Зикр намудан ба маврид аст, ки Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (аз 30-юми августи соли 2019 № 438) ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, зери назари махсуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД қарор дорад.

Дар назди кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷамъияти илмии курсантон «Забондон» таъсис дода шуда, чорабиниҳоро бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондаанд. Дар доираи талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, Маҳфили адабии «Рӯдакихонӣ» бо забони русӣ бо иштироки курсантони курси якум таҳти унвони «Рудаки - основоположник классической таджикской и персидской литературы» баргузор гардида, курсантон аз ҳаёт ва фаъолияти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо маҳорати баланди забондонӣ суханронӣ намуданд. Маҳфили илмии курсантон таҳти унвони «I speak English» аз ҷониби омӯзгорони фанни забони англисӣ, баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати баланди забондонии худро нишон доданд. Дар таърихи 13-уми январи соли 2022 Маҳфили илмии «Русское слово» таҳти унвони «Жизнь и творчество А.С.Пушкина», бо ҷалби курсантони фаъол дар синфхонаи лингофонии факултети №6 Академияи ВКД баргузор гардид. Ба роҳ мондани омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои замон аст, зеро солҳои охир дар ҷомеаи муосир тағйироти куллии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омада, муносибатҳои байналмилалӣ низ васеътар мегардад. Аз ин рӯ, дар чунин шароит эҳтиёҷ ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои олии кишвар пайдо гардида, муносибати байни халқҳо ва кишварҳоро таҳким мебахшад.

IMG 20211228 142023
Ҳайбулозода Мавлуда, сержанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...