Ҷамъбасти озмуни ватандӯстона ва қадрдонии ғолибони он
Бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, рӯзи 17-уми январ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷиҳати иштирок дар озмуни “Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат” дар Академияи ВКД ҷамъ омаданд.
Ҷавононро роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ истиқбол гирифта, курсантони он дар назди ҳамсолони хеш шеърҳои ватандӯстона бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ қироат намуданд. Ҳамчунин, аз тарафи курсантон ба ҷавонон ҳар гуна машқҳои тактикӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон намоиш дода шуд. Баъдан, бо роҳбаладии устодони Академияи ВКД ҷавонон бо дастовардҳои ин муассисаи таълимӣ ва саҳми Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу арзанда ба курсантон шинос шуданд.
Дар идомаи ин чорабинӣ дар толори фарҳангии Академияи ВКД озмуни “Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат” бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сухани ифтитоҳиро муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ оғоз намуд.
Муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ зимни суханронии худ ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол даъват кард.
Бояд гуфт, ки озмуни зикргардида барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 16-уми ноябр қайд карда мешавад, ба роҳ монда шуда, то кунун идома дошт. Дар ин озмун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, мақолаҳои худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида буд.
Ҳайати ҳакамон иборат аз мутахассисони соҳа озмунро ҷамъбаст карда, иштирокчиёни фаъол ва ғолибони онро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмуни “Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат” ҳакамон дар ҳайати сардори Раёсати котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода, рӯзноманигору мутарҷим, собиқадори ҳизбию ҷамъиятӣ Сабоҳат Худоёрбекова ва муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ озмунро натиҷагирӣ намуданд.
Дар озмун бо хулосаи умумии доварон шахсони зерин ғолиб дониста шуданд:
- Ҷойи якум Фарзона Шокирзода аз шаҳри Ҳисор;
- Ҷойи дуюм ду нафар иштирокчиён Достон Набиев аз шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Ҳасанов аз шаҳри Истаравшан;
- Ҷойи сеюм насиби се нафар иштирокчиён Рухшона Муродалиева аз шаҳри Душанбе, Умарҷон Ҳабибуллоев аз шаҳри Хуҷанд ва Фаридун Раҳимзода аз шаҳри Душанбе.
Ба ғолиби ҷойи якум 4000 сомонӣ, ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ супорида шуд.
Инчунин, ба тамоми иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Баъди анҷоми озмуни “Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат” иштирокчиёни он, ки ҷавонони касбу кори гуногун аз минтақаҳои кишвар буданд, мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахтро тамошо намуданд.
Абдулло Шоҳиён, нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ, майори милитсия