Нашри луғати мухтасари истилоҳоти геополитикӣ
Дар доираи ҳамкориҳои шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Академияи ВКД аз ҷониби омӯзгорон Асламов Б.С. ва Расулзод Л.Ҳ. «Луғати мухтасари истилоҳоти геополитикӣ» аз чоп баромад.
Луғати мазкур зиёда аз 100 мафҳумҳои асосии фанни геополитикаро дар бар гирифта барои шунавандагон, омӯзгорон, адъюнктон, унвонҷӯён ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ гаштааст.
Ба луғат номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ Холов Х.Қ., номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, пополковники милитсия Муҳаммад С.А. тақриз навишта, муовини сардори шуъбаи адъюнктура, подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Т.А. муҳаррири он маҳсуб меёбад.
Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД