Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-амалӣ зери унвони «Мантиқи гуфтор»

OSH 273711-уми январи соли 2022 дар синфхонаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД бо ташаббуси Шӯрои роҳнамоён семинари илмӣ-амалӣ зери унвони «Мантиқи гуфтори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид.

Дар кори он муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., раиси Шӯрои кураторон подполковники милитсия Самеъзода Б.С., раиси Созмони ҷавонони Академия лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ., корманди шуъбаи кадрҳо подполковники милитсия Саидзода Н. ва дигар омӯзгорон ширкат доштанд.
Кори семинарро муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. кушода иброз намуд, ки роҳбарияти давлат ва ВКД ба масъалаи тарбия ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Семинари имрӯза маҳз ба тарбияи маънавии ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баргузор мегардад.
Модератори семинар раиси Шӯрои роҳнамоён полковники милитсия Бойзода Ҷ. интихоб гардид.
Дар кори семинар ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзӯи «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти кормандони милитсия», подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н. дар мавзӯи «Имиҷи корманди милитсия», подполковники милитсия Самеъзода Б.С. дар мавзӯи «Санъати суханварии корманди милитсия», н.и.ф., майори милитсия Гадозода М. дар мавзӯи «Муаррифномаи дастури таълимии «Мантиқи гуфтор», лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ. дар мавзӯи «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат» маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми семинар шеърҳои ватандӯстона қироат гардид.
Асламов Б.С., Ҳайдарзода О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...