Намоишгоҳи мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо дар Академияи ВКД
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8-уми январи соли 2022 дар саҳни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузор кардани ин намоиш, ин зинда кардани паҳлӯи таърихии мардум ва хотираи гузашта ба ҳисоб меравад. Меҳмонон, курсантону шунавандагон ва омӯзгорони Академия аз тамошои чунин як намоишгоҳи зебо ғизои маънавӣ гирифтанд. Дар фарҷоми намоиши мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо ба фаъолон сипосномаҳо аз ҷониби сардори Академия тақдим гардид.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.